Ҳамин сиёсат тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ва дигар маълумоти махфии истифодабарандагони замимаи мобилии Taxsee Driver-ро бо истифодаи воситаҳои автоматикунонӣ тавассути шабакаи Интернет танзим менамояд. Ҳамин сиёсат қисми ҷудонашавандаи Созишномаи субиҷозатномадиҳӣ мебошад, ки он дар сомонаи шабакаи Интернет дар суроғаҳои https://taximaxim.tj/driver ё https://taximaxim.com/driver ҷойгир карда шудааст ва дар баробари онҳо амал мекунад.
Муқаррароти умумӣ
1. Дар доираи ҳамин созишнома истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:
1.1. Маълумоти шахсӣ — ҳамагуна иттилооте, ки бевосита ё бавосита ба шахси воқеии муайян ё муайяншаванда (субъекти маълумоти шахсӣ) дахл дорад.
1.2. Замимаи мобилӣ — барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарори Taxsee Driver, ки дар таҷҳизоти Истифодабаранда таҳти идораи системаҳои амалиётии мобилии iOS, Android ва Windows Phone насб гардида, автоматикунонии дастрасии Истифодабарандаро ба пойгоҳи маълумот имконпазир мегардонад.
1.3. Сомона — маҷмуи барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар иттилооти таркиби системаи иттилоотӣ, ки дастрасӣ ба он тавассути шабакаи Интернет аз рӯи номҳои доменӣ ва (ё) аз рӯи суроғаҳои шабакавии муайянкунандаи сомонаҳо дар шабакаи Интернет таъмин мегардад. Суроғаҳои сомонаи Дорандаи ҳуқуқ дар шабакаи Интернет: https://taximaxim.ru/driver ё https://taximaxim.com/driver.
1.4. Дорандаи ҳуқуқ — шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи сомона, инчунин истифода ва паҳнкунии замимаи мобилӣ ба ӯ тааллуқ дорад ва ин шахс коркарди маълумоти шахсии Истифодабарандагонро амалӣ менамояд.
1.5. Истифодабаранда — шахсе, ки истифодаи замимаи мобилиро ба шарти иҷозатномаи оддӣ (ғайриистиноӣ) амалӣ намуда, ба Дорандаи ҳуқуқ маълумоти шахсии худро пешниҳод мекунад.
1.6. Фармоишдиҳанда — шахсе, ки дар бораи мавҷуд будани талабот ба иҷрои хизматрасониҳои яккарата ҷиҳати даъвати воситаи нақлиёт, интиқоли борҳо, анҷом додани корҳои боркунию борфурорӣ аз тарафи Интиқолдиҳандагон ба Дорандаи ҳуқуқ хабар медиҳад.
1.7. Коркарди маълумоти шахсӣ — ҳамагуна амал (амалиёт), ки бо истифодаи воситаҳои автоматикунонӣ ё бе истифодаи чунин воситаҳо бо маълумоти шахсӣ анҷом дода мешавад, аз ҷумла ҷамъоварӣ, сабт, тасниф, андӯхт, нигаҳдорӣ, ислоҳ (навсозӣ, тағирдиҳӣ), иқтибос, истифода, супоридан (паҳнкунӣ, пешниҳод, дастрасӣ), бехусусиятгардонӣ, муҳосиракунӣ, тозакунӣ ва нобудсозии маълумоти шахсӣ.
1.8. Коркарди автоматикунонидаи маълумоти шахсӣ — коркарди маълумоти шахсӣ бо ёрии воситаҳои техникаи ҳисоббарор.
1.9. Пешниҳоди маълумоти шахсӣ — амале, ки ба ошкор намудани маълумоти шахсӣ ба шахси муайян ё доираи муайяни шахсон равона шудааст.
1.10. Муҳосираи маълумоти шахсӣ — қатъи муваққатии коркарди маълумоти шахсӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар коркард барои ислоҳи маълумоти шахсӣ зарур бошад).
1.11. Нобудсозии маълумоти шахсӣ — амале, ки дар натиҷаи он барқарор намудани таркиби маълумоти шахсӣ дар системаи иттилоотии маълумоти шахсӣ ғайриимкон мегардад ва (ё) дар натиҷаи он ҳомилҳои моддии маълумоти шахсӣ нобуд карда мешаванд.
1.12. Системаи иттилоотии маълумоти шахсӣ — маҷмуи маълумоти шахсии таркиби пойгоҳи маълумот, ки коркарди ин маълумотро бо технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои техникӣ таъмин менамояд.
1.13. Файлҳои cookie — ҳиссаи маълумоте, ки сомона мефиристад ва он дар компютер, телефони мобилӣ ё таҷҳизоти дигар нигаҳдорӣ мешавад ва Истифодабаранда тавассути таҷҳизоти номбаршуда ба сомона ворид мегардад, барои нигаҳдории маълумот дар бораи амалҳои Истифодабаранда дар сомона истифода бурда мешавад.
1.14. Муайянкунандаи таҷҳизот — маълумоти ягонаи муайянкунандаи таҷҳизоти Истифодабаранда, ки замимаи мобилӣ дар ҳамин таҷҳизот насб гардидааст, аз тарафи худи таҷҳизот пешниҳод мегардад ё замимаи мобилӣ ба ҳисоб мегирад.
2. Насби замимаи мобилӣ аз тарафи Истифодабаранда дар таҷҳизоти мобилии худ ё истифодаи замимаи мобилӣ бо ҳамагуна тарзи дигар, инчунин истифодаи сомона далели бо шартҳои ҳамин сиёсат розӣ будани Истифодабаранда аст, аз ҷумла розӣ будани Истифодабаранда ба коркарди маълумоти шахсии ӯ аз тарафи Дорандаи ҳуқуқ дар ҳолатҳое, ки муқаррароти қонунгузории амалкунанда чунин розигиро талаб мекунад.
Маълумоти шахсӣ
3. Дар рафти коркарди маълумоти шахсӣ Истифодабаранда ҳуқуқ дорад:
3.1. Иттилоотро вобаста ба коркарди маълумоти шахсии худ гирад, аз ҷумла иттилооти зеринро:
3.1.1. Тасдиқи далели коркарди маълумоти шахсӣ;
3.1.2. Асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсади коркарди маълумоти шахсӣ;
3.1.3. Мақсад ва тарзҳои истифодашавандаи коркарди маълумоти шахсӣ;
3.1.4. Маълумот дар бораи ном ва маҳали ҷойгиршавии шахсе, ки коркарди маълумоти шахсиро анҷом медиҳад, маълумот дар бораи шахсоне, ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд (ба истиснои кормандони Дорандаи ҳуқуқ) ё маълумот дар бораи шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсиро дар асоси шартнома бо Дорандаи ҳуқуқ ё дар асоси қонунгузории амалкунанда ошкор кардан мумкин аст;
3.1.5. Маълумоти шахсии коркардшаванда, ки ба субъекти дахлдори маълумоти шахсӣ ва сарчашмаи гирифтани ин маълумот дахл дорад, агар тартиби дигари пешниҳоди чунин маълумот дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нашуда бошад;
3.1.6. Муҳлатҳои коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлатҳои нигаҳдории он;
3.1.7. Тартиби аз тарафи Дорандаи ҳуқуқ амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд;
3.1.8. Иттилоот дар бораи амалӣ шудани супоридани маълумот ё иттилоот дар бораи эҳтимоли супоридани фаромарзии маълумот;
3.1.9. Ном ё насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки коркарди маълумоти шахсиро бо супориши Дорандаи ҳуқуқ анҷом медиҳад, агар коркард ба чунин шахс супорида шуда бошад ё дар оянда супорида шавад;
3.1.10. Дигар маълумоти пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда.
3.2. Аз Дорандаи ҳуқуқ ислоҳи маълумоти шахсии худ, муҳосира ё нобуд кардани ин маълумотро талаб намояд, агар маълумоти шахсӣ нопурра, куҳнашуда, нодуруст, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзшудаи коркард зарур набошад, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ чораҳои дар қонунгузорӣ пешбинишударо андешад.
3.3. Нисбат ба ҳаракат ё беҳаракатии Дорандаи ҳуқуқ ба мақоми ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои маълумоти шахсӣ ё бо тартиби судӣ иддао арз кунад, агар Истифодабаранда гумон дошта бошад, ки Дорандаи ҳуқуқ коркарди маълумоти шахсии ӯро бе риояи талаботи қонунгузории амалкунанда анҷом медиҳад ё ба тарзи дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро поймол мекунад.
3.4. Ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ, аз ҷумла ба ҷуброни зарар ва (ё) ҷуброни зиёни маънавӣ бо тартиби судӣ.
4. Дар рафти коркарди маълумоти шахсӣ Дорандаи ҳуқуқ уҳдадор мешавад:
4.1. Ба Истифодабаранда бо дархости ӯ иттилооти зеринро пешниҳод намояд:
4.1.1. Тасдиқи далели коркарди маълумоти шахсӣ;
4.1.2. Асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсади коркарди маълумоти шахсӣ;
4.1.3. Мақсад ва тарзҳои истифодашавандаи коркарди маълумоти шахсӣ;
4.1.4. Ном ва маҳали ҷойгиршавии худ, маълумот дар бораи шахсоне, ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд (ба истиснои кормандони Дорандаи ҳуқуқ) ё маълумот дар бораи шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсиро дар асоси шартнома ё дар асоси қонунгузории амалкунанда ошкор кардан мумкин аст;
4.1.5. Маълумоти шахсии коркардшавандаи Истифодабаранда ва сарчашмаи гирифтани чунин маълумот, агар тартиби дигари пешниҳоди чунин маълумот дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нашуда бошад;
4.1.6. Муҳлатҳои коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлатҳои нигаҳдории он;
4.1.7. Тартиби аз тарафи Истифодабаранда амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд;
4.1.8. Иттилоот дар бораи амалӣ шудани супоридани маълумот ё иттилоот дар бораи эҳтимоли супоридани фаромарзии маълумот;
4.1.9. Ном ё насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки коркарди маълумоти шахсиро бо супориши Дорандаи ҳуқуқ анҷом медиҳад, агар коркард ба чунин шахс супорида шуда бошад ё дар оянда супорида шавад;
4.1.10. Дигар маълумоти пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда.
4.2. Андешидани чораҳоро ҷиҳати пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсии Истифодабаранда таъмин намояд.
4.3. Ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат нисбат ба коркарди маълумоти шахсиро нашр кунад ё ба тарзи дигар дастрасии бемаҳдудият ба ҳамин ҳуҷҷат, инчунин ба маълумот дар бораи талаботи татбиқшаванда нисбат ба ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин намояд.
5. Мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии Истифодабаранда бастани шартнома (созишномаи субиҷозатномадиҳӣ) дар байни Истифодабаранда ва Дорандаи ҳуқуқ мебошад. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ Дорандаи ҳуқуқ ба ғайр аз мақсади иҷрои созишномаи субиҷозатномадиҳӣ дигар мақсадҳоро пайгирӣ намекунад.
6. Маълумоти шахсии Истифодабаранда дар ҳомилҳои электронӣ нигоҳ дошта шуда, бо истифодаи системаҳои автоматикунонидаи коркарди маълумоти шахсӣ коркард карда мешавад.
7. Дорандаи ҳуқуқ чунин маълумоти шахсии Истифодабарандаро ҷамъоварӣ ва коркард мекунад:
7.1. Ном, насаб ва номи падар;
7.2. Санаи таваллуд;
7.3. Рақами телефони абонентӣ;
7.4. Расми фотографӣ;
7.5. Силсила, рақам ва санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт;
7.6. Аломати қайди давлатии воситаи нақлиёт.
7.7. Маълумоти шахсии Истифодабаранда аз тарафи Дорандаи ҳуқуқ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар замимаи мобилӣ нобуд карда мешавад. Баъди бақайдгирии Истифодабаранда маълумоти шахсии пешниҳоднамудаи ӯ нигоҳ дошта намешавад ва дар оянда истифода намегардад. Дорандаи ҳуқуқ маълумоти шахсии Истифодабарандаро нигоҳ намедорад, коркард намекунад ва истифода намебарад. Дорандаи ҳуқуқ оператори коркардкунандаи маълумоти шахсӣ нест.
8. Маълумоти шахсии Истифодабаранда бе имкони барқароркунии минбаъдаи он нобуд карда мешавад.
9. Дорандаи ҳуқуқ чунин маълумоти шахсӣ дар бораи Истифодабарандаро, ки он маълумоти шахсӣ набуда, муайянкунии Истифодабарандаро имконпазир намегардонад, истифода мебарад ва онро нигоҳ медорад:
9.1. Тамға, модел ва ранги воситаи нақлиёт;
9.2. Қисми рақамии аломати қайди давлатии воситаи нақлиёт;
9.3. Ном.
10. Ба маълумоти шахсии Истифодабаранда танҳо кормандони Дорандаи ҳуқуқ дастрасӣ доранд. Дорандаи ҳуқуқ маълумоти шахсии Истифодабарандаро паҳн намекунад, инчунин бе гирифтани розигии пешакии Истифодабаранда дастрасӣ ба ин маълумотро ба шахсони сеюм пешниҳод наменамояд. Ҳолатҳои истисно: пешниҳоди маълумоти шахсӣ бо дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, инчунин муроҷиати Фармоишдиҳанда ба Дорандаи ҳуқуқ аз рӯи далели дар салони автомобил мондани молу мулки Фармоишдиҳанда. Дар ҳолати охирин Дорандаи ҳуқуқ ба Фармоишдиҳанда танҳо телефони тамоси Истифодабарандаро пешниҳод менамояд.
11. Дорандаи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсии Истифодабаранда чораҳои зеринро меандешад:
11.1. Кормандони масъулро барои ташкили коркарди маълумоти шахсӣ таъин мекунад;
11.2. Чораҳои ташкилию техникиро барои таъмини амнияти маълумоти шахсии Истифодабаранда меандешад, аз ҷумла:
11.2.1. Таҳдидҳо ба амнияти маълумоти шахсиро ҳангоми коркарди он дар системаҳои иттилоотии маълумоти шахсӣ муайян менамояд;
11.2.2. Низоми таъмини амнияти биноҳоеро, ки дар онҳо системаи иттилоотии бартарафкунандаи вуруд ё ҳузури назоратнашавандаи шахсони ба ин биноҳо ҳуқуқи дастрасӣ надошта ҷойгир шудааст, ташкил мекунад;
11.2.3. Амнияти ҳомилҳои маълумоти шахсиро таъмин мекунад;
11.2.4. Рӯйхати шахсонеро, ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд ва ин маълумот барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ (меҳнатӣ)-и онҳо зарур аст, тасдиқ мекунад;
11.2.5. Воситаҳои ҳифзи иттилоотро, ки барои пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ заруранд, истифода мебарад;
11.2.6. Самаранокии чораҳои андешидашаванда ҷиҳати таъмини амнияти маълумоти шахсиро арзёбӣ мекунад;
11.2.7. Ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ ва андешидани чораҳоро таъмин мекунад;
11.2.8. Маълумоти шахсии дар натиҷаи дастрасии беиҷозат тағирдодашуда ё нобудгардидаро барқарор мекунад (ба шарти мавҷуд будани имконияти техникии чунин барқароркунӣ);
11.2.9. Қоидаҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсии дар системаи иттилоотии маълумоти шахсӣ коркардшавандаро муқаррар менамояд;
11.2.10. Чораҳои андешидашаванда ҷиҳати таъмини амнияти маълумоти шахсӣ ва сатҳи муҳофизатии системаҳои иттилоотии маълумоти шахсиро назорат мекунад.
12. Истифодабаранда ҳақ дорад, ки аз Дорандаи ҳуқуқ ислоҳи (навсозии) маълумоти шахсии худ, муҳосира ё нобуд кардани ин маълумотро талаб намояд, агар маълумоти шахсӣ нопурра, куҳнашуда, нодуруст, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзшудаи коркард зарур набошад, инчунин розигии худро барои коркарди маълумоти шахсӣ бо роҳи ба Дорандаи ҳуқуқ фиристодани дархост ва (ё) талаби дахлдор дар шакли хаттӣ бо фиристодани фармоишии он тавассути почта ва бо огоҳ намудан дар бораи супоридан ё шахсан расонидан ба маҳали ҷойгиршавии Дорандаи ҳуқуқ бозхонд намояд. Суроғаи маҳали ҷойгиршавии Дорандаи ҳуқуқ дар фасли дахлдори сомона қайд шудааст. Дархост/талаби зикршуда бояд рақами ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияти Истифодабаранда ё намояндаи ӯ, маълумот дар бораи санаи додани ҳуҷҷати зикршуда ва мақоми ҳуҷҷатдиҳанда, суроғаи ҷои истиқомати Истифодабаранда, маълумоти тасдиқкунандаи иштироки Истифодабаранда дар муносибатҳо бо Дорандаи ҳуқуқ (ID-рақами Истифодабаранда) ё маълумоте, ки ба тарзи дигар далели коркарди маълумоти шахсиро тасдиқ мекунад, талабот дар бораи ислоҳ, муҳосира ё нобудсозии маълумоти шахсии Истифодабаранда ё огоҳинома дар бораи бозхонди розигӣ барои коркарди маълумоти шахсӣ, имзои Истифодабаранда ё намояндаи ӯро дар бар гирад. Дорандаи ҳуқуқ уҳдадор мешавад, ки аз рӯи моҳияти дархост/талаби Истифодабаранда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани он ҷавоби далелнок диҳад.
Маълумоти геолокатсионӣ
13. Дорандаи ҳуқуқ тавассути замимаи мобилӣ дар бораи маҳали ҷойгиршавии Истифодабаранда маълумот (маълумоти геолокатсионӣ) мегирад. Маълумоти геолокатсионӣ ба Дорандаи ҳуқуқ танҳо дар вақти истифодаи замимаи мобилӣ дода мешавад. Истифодабаранда бо салоҳдиди худ додани маълумоти геолокатсиониро бо роҳи тағири мизробҳои дахлдори таҷҳизоти мобилии худ манъ карда метавонад, аммо ин ба ғайриимкон гаштани истифодаи замимаи мобилӣ боис мешавад.
14. Бо мақсади амалӣ намудани талаботи Фармоишдиҳанда ба иҷрои хизматрасониҳои яккарата ҷиҳати даъвати воситаи нақлиёт, интиқоли борҳо ва анҷом додани корҳои боркунию борфурорӣ Дорандаи ҳуқуқ маълумот дар бораи маҳали ҷойгиршавии Истифодабарандаро ба Фармоишдиҳанда пешниҳод карда метавонад.
Маълумоти пардохт
15. Барои гирифтани имкони пардохти мукофоти иҷозатномавӣ ба тариқи пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ Истифодабаранда корти бонкиро ба ID-рақами худ вобаста карда метавонад. Вобаста намудани корти бонкӣ мустақилона аз тарафи Истифодабаранда дар замимаи мобилӣ бо роҳи нишон додани маълумоти зерин анҷом дода мешавад:
15.1. Рақами корти бонкӣ;
15.2. Муҳлати амали корти бонкӣ;
15.3. Насаб ва номи дорандаи корти бонкӣ;
15.4. Рамзи муҳофизатии корти бонкӣ.
16. Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ тибқи қоидаи системаҳои пардохти байналмилалӣ бо принсипҳои риояи махфият ва амнияти иҷрои пардохт анҷом дода мешавад. Амнияти маълумоти пешниҳоднамудаи Истифодабаранда бо расмиёти дахлдори талаботи стандарти амнияти маълумоти саноати кортҳои пардохтӣ (Payment Card Industry Data Security Standard) таъмин гардида, ҳеҷ кас, аз ҷумла Истифодабаранда онро гирифта наметавонад. Ворид намудани маълумоти корти бонкӣ дар саҳифаи ҳифзшавандаи пардохтии бонки эквайер, ки имкони пардохти ғайринақдии хизматрасониҳоро таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.
17. Барои гирифтани воситаҳои пулӣ аз ҳисоби шахсӣ Истифодабаранда ба Дорандаи ҳуқуқ маълумот дар бораи ҳисоби дар ташкилоти қарзӣ кушодашуда ва дигар маълумоти заруриро барои гузаронидани воситаҳои пулӣ, инчунин маълумоти шахсии Истифодабарандаро пешниҳод менамояд, аз ҷумла:
17.1. Рамзи мушаххаси бонкии ташкилоти қарзӣ;
17.2. Рақами ҳисоби гиранда дар ташкилоти қарзӣ;
17.3. Насаб, ном ва номи падари гиранда;
17.4. Рақами корти дебетӣ ё қарзӣ (бонкӣ).
18. Маълумоте, ки аз тарафи Истифодабаранда бо мақсади гирифтани воситаҳои пулӣ аз ҳисоби шахсӣ пешниҳод мешавад, ба Дорандаи ҳуқуқ анҷом додани ягон амалиётро иҷозат намедиҳад, ба ғайр аз амалиёти гузаронидани воситаҳои пулӣ ба суратҳисоби бонкии Истифодабаранда.
Файлҳои cookie
19. Дорандаи ҳуқуқ намудҳои зерини файлҳои cookie-ро истифода бурда метавонад:
19.1. Файлҳои cookie қатъӣ зарур. Чунин файлҳои cookie барои ҷойивазкунӣ дар сомона ва истифодаи хизматрасониҳои дархостшаванда лозиманд. Ин намуди файлҳои cookie ҳангоми бақайдгирии Истифодабаранда ва ҳангоми ба система ворид шудан истифода бурда мешавад. Чунин файлҳои cookie асосӣ буда, доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд. Бе истифодаи чунин файлҳои cookie сомона ба таври бояду шояд кор карда наметавонанд.
19.2. Файлҳои cookie истифодабарӣ. Чунин файлҳои cookie дар бораи истифодаи сомона маълумоти омориро ҷамъоварӣ мекунанд. Чунин файлҳо иттилооти шахсии истифодабарандагони мушаххасро намегиранд. Ҳамаи маълумоти ҷамъовардаи файлҳои cookie хусусияти оморӣ дошта, аноним (номаълум) мебошад. Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie:
19.2.1. Гирифтани омори истифодаи сомонаҳо;
19.2.2. Арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавӣ.
Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд.
19.3. Файлҳои cookie функсионалӣ. Ин намуди файлҳои cookie барои ҳифзи иттилооти пешниҳоднамудаи Истифодабаранда (ба мисли номи истифодабаранда, забон ё маҳали ҷойгиршавӣ) истифода бурда мешавад. Чунин файлҳои cookie иттилооти анонимро истифода намуда, амалҳои Истифодабарандаро дар сомонаҳои дигар пайгирӣ намекунанд. Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie:
19.3.1. Ҳифзи маълумот дар бораи ба Истифодабаранда пешниҳод гардидани ягон хизматрасонӣ дар гузашта;
19.3.2. Баланд бардоштани сифати ҳамкорӣ бо сомона дар маҷмуъ ва бо роҳи ҳифзи афзалиятҳои интихобнамудаи Истифодабаранда.
Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд.
19.4. Файлҳои cookie рекламавӣ. Ин намуди файлҳои cookie барои маҳдуд намудани миқдори тамошои рекламаҳо, инчунин барои арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавӣ кор фармуда мешавад. Файлҳои cookie рекламавӣ барои идоракунии маводи рекламавӣ дар сомона истифода мегарданд. Файлҳои cookie рекламавӣ аз тарафи шахсони сеюм, масалан, рекламадиҳандагон ё агентҳои онҳо ҷойгир карда мешаванд. Онҳо доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд. Чунин файлҳо ба реклама дар сомона, ки ширкатҳои бегона пешниҳод намудаанд, вобастагӣ доранд.
20. Муҳосира ё тоза кардани файлҳои cookie, инчунин маҳдуд намудани амали онҳо дар мизробҳои браузере, ки аз тарафи Истифодабаранда кор фармуда мешавад, имконпазир аст.
Маълумот дар бораи оператори алоқаи мобилӣ
21. Дорандаи ҳуқуқ тавассути замимаи мобилӣ дар бораи операторе, ки ба Истифодабаранда хизматрасонии алоқаи телефонии мутаҳаррик (алоқаи мобилӣ)-ро пешниҳод менамояд, маълумот мегирад.
22. Маълумоте, ки дар бораи оператор ҷамъоварӣ мешавад, маълумоти шахсии Истифодабарандаро дар бар намегирад.
23. Мақсади ҷамъоварии иттилоот дар бораи оператори алоқаи мобилӣ ба таври автоматӣ дар мизробҳои замимаи мобилӣ ҷойгир намудани маълумот дар бораи кишвари маҳали ҷойгиршавии Истифодабаранда ва забони интерфейси замимаи мобилӣ мебошад.
Таърихи фармоишҳо
24. Дорандаи ҳуқуқ таърихи фармоишҳои яккаратаи аз тарафи Истифодабаранда иҷрошударо нигоҳ медорад, аз ҷумла вақти оғози иҷрои фармоиш, суроғаи ҷои фиристодани автомобил, суроғаҳои хатсайри мобайнӣ ва хатсайри охирин, тарифи истифодашаванда, тарзи пардохт ва дигар маълумоти нишондодаи Фармоишдиҳанда.
25. Мақсади ҷамъоварии иттилоот дар бораи таърихи фармоишҳо беҳтар гардонидани сифати хизматҳои расонидашаванда бо роҳи пуркунии автоматии параметрҳои фармоиш ва бо истифодаи маълумоти пештар пешниҳодшуда мебошад, ки ихтисори вақти ташкили фармоишро имконпазир мегардонад.